Дар бораи мо

ШИРКАТ ИМРӮЗ

Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» — калонтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти қаннодӣ дар Тоҷикистон аст. Маҳсулоти фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» дорои патент бо тамғаи молии AMIRI мебошад, ва ҳуқуқи муҳофизатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро дар ихтиёр дошта, дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 ҳузур дорад. Тамғаи молӣ дар ҳақиқат бренди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар давоми солҳои рушди босуръати худ Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» ба яке аз корхонаҳои дар сатҳи баланд механиконидашуда табдил ёфт, ки махсус барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии сифаташон баланд мебошад. Ҳамакнун корхона бо ифтихор зиёда аз 200 номгӯи маҳсулотро номбар карда метавонад, ки ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Карамел: карамели обидандонии мевагӣ; карамели обидандонии ширӣ; карамели мевадор ва ширдор; карамели бо массаҳои пралине ламинатсияшуда;
  2. Карамели сақичмонанд;
  3. Мармеладҳо;
  4. Зефир;
  5. Ассортии маҳсулоти шоколадӣ ва хамири шакарӣ (фондант);
  6. Конфетҳои шоколадӣ бо мағзи хамири шакарӣ;
  7. Конфетҳои шоколадӣ бо мағзи трюфелӣ;
  8. Шоколадҳои тахтачагин;
  9. Батончаҳои шоколадӣ;
  10. Меваҳои бо шоколад пӯшонидашуда;
  11. Суфле;
  12. Драже;
  13. Қуттиҳои ассорти.

Пешсафони фурӯш дар ҳақиқат инҳо мебошанд:

  • Конфетҳои «Чернослив в глазури» («Олуи қоқ дар қиёми қанд»),
  • Карамели сақичмонанд Toffi Mix,
  • Карамел «Барбарис» («Зирк-Зилол»),
  • Конфеты «Вечер» («Шомгоҳӣ»),
  • Суфле «Птичье молоко» («Шири мурғ»),
  • Конфетҳо дар қуттиҳо «Абрикос в шоколаде» («Зардолу дар шоколад»).

Парки технологии фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» бо навтарин таҷҳизоти технологии аврупоӣ муҷаҳҳаз мебошад, аз ҷониби ширкатҳои пешрафтаи мошинсозии Олмон, Италия ва Швейтсария истеҳсол шудаанд. Дар реҷаи технологии якзайл мо дар як шабонарӯз то 50 тонна маҳсулот истеҳсол мекунем. Дар як сол мо имконияти истеҳсол кардани зиёда аз 12 ҳазор тонна маҳсулотро дорем.

Имрӯза шумораи коргарони фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» аз зиёда аз 300 мутахассиси пуртаҷриба иборат мебошад, ки фаъолияти асосӣ ва амалиётиро таъмин менамоянд. Ҳамаи кормандон курси омӯзишии лозимаро сипарӣ карда, ба сатҳи зарурии кордонӣ мерасанд. Сиёсати иҷтимоии мо ба рушди сармояи инсонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд, ва барои кормандон имконият фароҳам месозад, то ин ки донишу маҳоратҳои худро сайқал дода, аз зинаҳои касбӣ боло раванд.

СИФАТ ВА БЕХАТАРӢ

Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» маҳсулотро мутобиқ бо талаботи стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизогӣ истеҳсол менамояд. Дар соли 2013 дар корхона системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти ғизогӣ ба роҳ монда шуд, ки ба талаботи стандарти ISO 2200:2005/HACCP ҷавобгӯ мебошад. Инро мавҷуд будани сертификати ISO 2200:2005 тасдиқ мекунад.

Барои таъмини назорати доимӣ ва пуштибонии системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти ғизогӣ дар фабрика гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки ҳадди ақал 2 маротиба дар сол дар заминаи риояи системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти ғизогӣ аудити дохилӣ мегузаронад. Илова бар ин, дар корхона ҳар сол аз ҷониби гурӯҳи экспертҳо ва мутахассисони мустақил дар соҳаи системаи менеҷменти бехатарии маҳсулот назорати мустақили тафтишотӣ оиди риояи системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти ғизогӣ гузаронида мешавад. Ҳамаи манобеи дар истеҳсолот истифодашуда ба системаи ҷоришудаи менеҷменти бехтаратии маҳсулоти ғизогӣ 2200:2005/HACCP мутобиқ мебошанд. Ҳамаи таъминоти ашёи хом, ки дар оянда бо коркарди технологӣ дучор мешаванд, аз ҷониби таҳвилдиҳандагоне анҷом дода мешаванд, ки мутобиқ бо системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти ғизогӣ ISO 22000/HACCP дорои сертификат мебошанд.

ДУРНАМОИ РУШД

Ба роҳ мондани технологияҳои навин ва навовариҳо дар рушди саноатии корхона ба мо имконият дод, ки дар чунин фурсати кӯтоҳ бозори Тоҷикистонро аз худ намуда, аз марзҳои он фаротар равем. Маҳсулоти AMIRI аз ҳисоби шабакаи дистрибютории (таҳвилдиҳии) худӣ дар ҳамаи шаҳрҳои калон, вилоятҳо ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори фурӯши худро меёбад. Он дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагӣ дорад.

Барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» лоиҳаҳои сармоягузории бузургро амалӣ месозад.

То соли 2022 Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ» бо дастгирии давлатӣ дар нақша дорад, ки лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ оиди сохтмон ва ба истифода додани фабрикаи навро ба охир расонад, ки дар он технологияҳои нав дар заминаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии гуногун ва ба бозори Тоҷикистон ҷавобгӯ ба роҳ монда мешаванд. Барои коҳиш додани хароҷот ва таъсиси пойгоҳҳои худии маҳсулот ва ашёи хом корхона дар нақша дорад, ки то солҳои 2023-2024 як қатор лоиҳаҳои бузургро оиди истеҳсоли шираи нишоста ва хокаи он, орд ва маҳсулот аз орд амалӣ созад. Амалисозии лоиҳаҳои номбурда барои иҷрои вазифа дар соҳаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ва ташкили миқдори назарраси ҷойҳои корӣ имконият фароҳам месозад, зеро соҳаи мазкур дар фаъолияти мо нақши асосиро мебозад. Ҳамчунин, амалисозии лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот 2 маротиба зиёдтар шавад, ва пойгоҳи моддӣ ва ашёи хоми худӣ таъсис ёбад, ва зарфияти содиротии корхона ва умуман кишвар бештар гардад.