коргоҳи нави истеҳсолӣ,ба кор андохта шуд
31 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар коргоҳи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-ро ба истифода дод.
Муассиса дар маҳаллаи Деҳқонобод-2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунёд ёфта, яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар Ҷумҳурӣ, ба шумор меравад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин корхонаи бузурги истеҳсолӣ ва саҳм дар татбиқи стратегияи чорум изҳори сипос намуданд.
хонед
Мо вақти шуморо қадр мекунем, мудири мо дар оянда наздик бо шумо робита мегирад.
ФЕҲРИСТИ МАҲСУЛОТ