тоҷ

Майдони навиистеҳсолӣ оғоз ефт

31 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат майдони нави истеҳсолии Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи каннодия Амири” – ро ба истифода доданд.

Объект дар микрорайони “Деҳқонобод-2” – и Ноҳияи Фирдавсии Шаҳри Душанбе дар майдони 5 гектар бунед гардида, яке аз корхонаҳои калонтарини Ҷумҳурӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба ҳисоб меравад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси чунин корхонаи бузурги истеҳсолӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат изҳори сипос намуданд.

ҶДММ "корхонаи ширинӣ "Амирӣ".

Дизайн ва коркард

©2010-2024.

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд.